Абуабдулло Рӯдакӣ - ассосгузори адабиёти классикии тоҷику-форс, шоири форсу-тоҷик. Ашъори зиёдеро навиштааст, вале то мо ҳамагӣ тақрибан 1000 байт омада расидааст.
Таърихи ҳазору сад солаи адабиёти тоҷик бо номи бунёдгузори он устод Рӯдакӣ сахт вобаста аст. Рӯдакиро муосиронаш ва суханварони баъдинааш бо унвонҳои ифтихорӣ: Қофиласорои назми форсӣ, Соҳибқирони шоирон, Султони шоирон, Мақаддумушуаро, Одамушуаро ва ҳамсони инҳо ёд мекунанд. Асосгузор ва сардафтари адабиёт аслан маънои онро надорад ки пеш аз дигарон асар эҷод карда бошад.
Устод Рӯдакӣ бо хизматҳои бузургаш ба ин мақоми таърихӣ расидааст. Рӯдакӣ дар таърихи халқи тоҷик аввалин суханваре аст, ки таҷрибаҳо ва муваффақиятҳои гузаштаи худро дар соҳаи адабиёти тоҷик ҷамъбаст кардааст.